Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири "воқеияти талх"-и бӯҳронҳои ҳалношуда дар Конфронси Мюнхен


Раиси Кофнронси амниятии Мюнхен Волфганг Ишингер
Раиси Кофнронси амниятии Мюнхен Волфганг Ишингер

Раиси Конфронси Амниятии Мюнхен гуфт, ҷамъомади солонаи раҳбарони дунё дар ҳоле ҷараён мегирад, ки ҷаҳон ба "низои байнидавлатии густарда" рӯ ба рӯ шудааст.

Волфганг Ишингер ин изҳоротро рӯзи 16 феврал, дар оғози Конфронси серузаи амниятӣ пахш кард, ки дар шаҳри Баварияи Олмон ҷараён дорад.

Ӯ гуфт, дар ҳоле, ки ҷаҳон дар мубориза бо фақр "пешрафти чашмгир" кард, аммо дар ростои воқеияти талх қарор дорад.

"Мо бисёр буҳронҳои ҳалношуда, бесуботӣ ва низоҳо дорем",- таъкид кард Ишингер.

Ӯ гуфт, низоми байналмилалӣ, ки баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ зуҳур кард, бо хатар рӯ ба рӯ шуда, теъдоди паноҳандагон, афроде, ки аз маконҳои зисти худ беҷо шудаанд, такондиҳанда аст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутереш низ дар пасманзари фаъолиятҳои ҳастаии Кореяи шимолӣ, ҳушдор дод, ки аз замони Ҷанги Сард, бори аввал ҷаҳон дар ростои "муқовимати ҳастаӣ" қарор гирифтааст.

Суханронии Герберт Макмастер- мушовири президент Трамп дар умури амнияти миллӣ ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба рӯзи 17 феврал барномарезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG