Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Узбекистон ба Тоҷикистон 100 миллион доллар қарз медиҳад


Қарор аст, дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон шартномаи байниҳукуматӣ дар мавриди ихтисоси 100 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кӯмак ба соҳибкорони тоҷик ба имзо расад.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, ин маблағ ба сифати қарзи боимтиёз ба сурат-ҳисоби яке аз бонкҳои Тоҷикистон ворид хоҳад шуд. Аз ин бонк ном бурда намешавад, аммо қарзи боимтиёз ба соҳибкорони тоҷик аз ҷониби кишвари ҳамсоя боарзиш унвон мешавад.

“Бо талаби ҷониби Узбекистон ин маблағ бо фоизи паст ба соҳикороне дода мешавад, ки нақшаҳои мушахаси соҳибкорӣ бо давлату ширкатҳои хусусии Узбекистон доранд”, - гуфтааст манбаъ.

Тибқи иттилои расмӣ дар соли 2017 табодули молу коло миёни ду кишвар афзоиш ёфтааст. Маблағи умуми додугирифт баёни ду кишвар 126 миллион долларо ташкил медиҳад.

Сафари расмии президенти Узбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои аввали моҳи март барномарезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG