Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири пешини Трамп 20 соат бо прокурори махсус гап зад


Стив Бэннон - мушовири собиқи президент Трамп

Мушовири пешин ва стратеги аслии маъракаи интихобтии президент Трамп дар соли 2016 Стив Бэннон, ҳафтаи гузашта чанд дафъа ба прокурори масус, Роберт Мюллер, ки қазияи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихобти Амрикоро бозҷӯӣ мекунад, шаҳодат дод. Дар ин бора шабакаи NBC News рӯзи гузашта хабар дод.

Ба гуфтаи шабака, Бэннон ба сурати умум, на камтар аз 20 соат дар ҳузури прокурор буд. Тафсилоти ин гуфтугӯҳо ошкор нашудааст.

Ба ғайр аз ин, рӯзи 15 феврал Бэннон ба кумитаи истихбороти Палатаи намояндагони Конгресс шаҳодат дод. Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки мушовири пешини Трамп аз посух гуфтан ба бисёр суолҳо худдорӣ кард. Ӯ танҳо дар мавзӯҳое сӯҳбат кард, ки Кохи сафед иҷозат додаааст.

Бэннон яке аз раҳбарони маъракаи интихоботии Доналд Трамп ва баъдан стратеги аслии Кохи сафед буд. Бэннонро моҳи августи соли гузашта аз мақом барканор карданд. Трам ӯро батберун бурдани хабарҳо аз Кохи сафед муттаҳам кард.

Дар Амрико таҳқиқи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 ҷараён дорад. Прокурори вежа бояд муаян кунад, ки оё касе аз маъракаи Трамп барои заиф кардани номзади ҳизби Демократ, Ҳиллари Клинтон бо Кремл ҳамкорӣ кардааст ё не.

Видеоҳои охирин

Пирӯзии Никол Пашинян дар интихоботи Арманистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG