Дар Душанбе маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон баргузор шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал хабар дод, ки дар ин нишаст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси ин ҳизб низ мебошад иштирок ва суханронӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст аз фаъолияти ҳизбаш дар соли 2017 натиҷагирӣ намуда, нақшаҳои ояндаи онро барои соли ҷорӣ муайян кардааст.
Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфтааст, "мо дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Дар дунё таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Дар гӯшаҳои мухталифи дунё, дар кишварҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулотҳое ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа бетаъсир намемонанд. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас ва роҳандозӣ намоем."
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ он мебошад, дар соли 1994 таъсис ёфтааст. Ин ҳизб феълан шумораи аъзои худро беш аз 460 ҳазор нафар мегӯяд. Дар ҳоли ҳозир аксари мансабдорони ҳукуматӣ аъзои ин ҳизб мебошад. Аксари курсиҳои порлумон низ дар ихтиёри ин ҳизб қарор доранд.