Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёдгузори "Telegram" Павел Дуров миллиардери долларӣ шуд


Павел Дуров
Павел Дуров

Маҷаллаи Forbes-и Русия бунёдгузори паёмрасони "Telegram" Павел Дуровро миллиардери долларӣ эътироф кард. Биноба ҳисобҳои пешакӣ, дороиҳои Дуров ба $1,7 миллард расидааст. Нархи худи паёмрасон наздик ба $1 миллиард гуфта мешавад.

Соли 2017 Forbes боигарии Дуровро $950 миллион арзёбӣ кард. Дар раддабандии "200 соҳибкори сарватманди Русия" бунёдгузори "Telegram" дар ҷойи 100-ум қарор дорад. Як сол пеш аз он Дуров $600 миллион дошт.

Нақши аслиро дар арзёбии ҷадиди дороиҳои Павел Дуров афзоиши корбарони "Telegram" ва омодагӣ барои ворид шудан ба платформаи ICO - амалиёти авалияи "криптовалюта" бозидааст.

XS
SM
MD
LG