Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз басташавии сомонаи Навалний дар Русия


Парчами САҲА
Парчами САҲА

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии расонаҳо Арлем Дезир рӯзи 15 феврал аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний дар Русия изҳори нигаронӣ кард. Дар ин сомона ахиран маълумот дар бораи соҳибкори рус Олег Дерипаска нашр шуда буд.

"Масдуд шудани сомонаи "navalny.com"-ро аз тарафи Роскомнадзори Русия, ба далели нашри маводи таҳқиқотӣ бо нигаронӣ пайгирӣ дорем. Ҳимояти маълумоти шахсӣ наметавонад ба баста шудани сомона ё монеъ шудан ба бозтоби масъалаҳое асос шавад, ки манфиати иҷтимоӣ доранд", - навиштааст Арлем Дезир дар Твиттер.

Пештар Роскомнадзор ба тамоми ширкатҳои интернетрасони Русия дастур дода буд, ки дастрасӣ ба сомонаи Навалнийро маҳдуд кунанд. Ин ниҳод ҳамчунин қарори ширкати Googlе-ро барои пок кардани мавод аз саҳифаи YouTube мунтазир аст.

XS
SM
MD
LG