Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ришҳои шаҳрвандонро ба тартиб медарорад


Масҷиди "Ал-Торгул"-и Ишқобод
Масҷиди "Ал-Торгул"-и Ишқобод

Мақомоти амнияти Туркманистон дар вилояти Дашоғуз диндоронро бозпурсӣ ва аз онҳо талаб карданд, ки намоз нахонанд.

Як манбаъ дар ин вилоят ба бахши Туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ки на танҳо намозгузорони маъмулӣ, балки кормандони бузургсоли идораҳои давлатӣ низ дастур гирифтаанд, ки азнамозгузорӣ дар коргоҳ ва масҷид худдорӣ кунанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бозпурсишудаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки агар аз дастур саркашӣ кунанд, кори худро аз даст медиҳанд.

"Аз шахсони бекор ва ё ҷавонон ҳам мепурсанд, ки боре ба Туркия рафтаанд, ё дар онҷо яке аз наздиконашон кор мекунад ё не. Ҳамчунин пурсида мешавад, ки чи гуна телефон доранд ва дар он маводи динӣ ҳаст, ё не.", - афзуд манбаъ. Ӯ мегӯяд, суҳбат бо шахсоне, ки наздиконашон дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, тӯлонӣ аст ва ҳамчунин ҷавонони ришдорро маҷбур мекунанд, ки ришҳои худро тарошанд.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони амният сабабҳои бозпурсии диндоронро шарҳ намедиҳанд. Ба ҷуз ин, манобеъ мегӯянд, дар деҳаҳои ноҳияи Сафармурод Туркманбошӣ ба мақомоти маҳаллӣ дастур дода шудааст, ки намозгузоронро рӯйхат кунанд.

XS
SM
MD
LG