Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтер: даҳҳо ҷангии захмии русро аз Сурия ба Русия оварданд


Ҳавопаймои ҷангии Антонов 30В
Ҳавопаймои ҷангии Антонов 30В

Хабаргузории Рейтер бо такя ба се манбаи худ иттилоъ медиҳад, ки ҳафтаи гузашта дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии ИМА дар Сурия ҳудуди 300 узви гуруҳи низомии хусусии марбут ба Кремл кушта шуд.

Як табиби низомӣ ба хабаргузорӣ гуфт, дар ин ҳодиса ҳудуди 100 кас ҷон бохтаанд ва як манбаи шинос бо бархе аз ҷангиён афзуда, ки шумори кушташудаҳо ба беш аз 80 тан мерасад. Ба гуфтаи манобеъ, захмиёне, ки аз Сурия оварда шуданд, дар чаҳор бемористони ҳарбии Русия, аз ҷумла Академияи тиббиву низомии Санкт-Петербург ва бемористони Бурденкои Москва бистарианд.

Як табиби бемористони низомии Москва, ки дар ҷарроҳии захмиён бевосита иштирок дошт, дар суҳбат бо хабаргузорӣ гуфт, то шоми рӯзи шанбе дар бемористони онҳо беш аз 50 ҷангӣ бистарӣ шуда, вазъи наздик ба 30 танашон вазнин аст.

Табиби дигаре ба шарти ифшо нашудани номаш хабар дод, ки ҷумъаи гузашта ва субҳи рӯзи душанбе дасти кам се ҳавопаймо захмиёнро аз Сурия ба Москва оварданд. Ба гуфтаи ӯ, захмиён ба воситаи ҳавопаймоҳои боркаше интиқол ёфтаанд, ки ҷиҳози махсуси тиббӣ доштанд.

Хабари захмӣ шудани ин афрод 7 феврал, баъд аз задухӯрди нирӯҳои эътилофи зери раҳбарии ИМА бо артиши режими Башор Асад дар Дайр-уз-Зури Сурия расонаӣ шуд. Мақомҳои расмии Русия гуфтанд, ки дар натиҷаи задухӯрдҳо 5 кас ҷон додаанд, вале онҳо ба нирӯҳои ин кишвар рабте надоранд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова пештар хабар дод, ки дар Сурия 5 шаҳрванди ин кишвар кушта шудаанд, вале онҳо хидматчиёни ҳарбӣ набуданд. Ба гуфтаи ӯ, хабарҳо дар бораи кушта шудани даҳҳо ё садҳо шаҳрванди Русия дар Сурия сохта ва кори душманони Кремланд.

XS
SM
MD
LG