Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шимоли Туркманистон диндоронро бозпурсӣ мекунанд


Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон кормандони Хадамоти амнияти миллии ин кишвар диндоронро бозпурсӣ карда, аз онҳо талаб мекунанд, намоз нахонанд.

"Дар Дашоғуз кормандони амният шахсонеро, ки ба масҷид мераванд, бозпурсӣ мекунанд. Ҳамчунин мансабдорони давлатие, ки ҳоло ба синни нафақа нарасидаанд ва дар коргоҳ ё дар масҷид намоз мехонанд, барои бозпурсӣ даъват мешаванд. Аз онҳо мепурсанд, ки барои чӣ намоз мехонед? Волидони шумо киҳо ҳастанд? Бо кӣ суҳбат мекунед? Сипас аз онҳо талаб карда мешавад, ки дигар намоз нахонанд ва ба масҷид ҳам нараванд", - мегӯяд як манбаъ аз Дашоғуз.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ба бозпурсишудаҳо ҳушдор дода мешавад, ки агар намозхониро дар масҷид ё дар коргоҳ идома диҳанд, аз кор ихроҷ хоҳанд шуд.

"Аз шахсони бекор ва ё ҷавонон мепурсанд, ки боре ба Туркия рафтаанд, ё дар онҷо яке аз наздиконашон кор мекунад ё не. Ҳамчунин пурсида мешавад, ки чи гуна телефон доранд ва дар он маводи динӣ ҳаст, ё не.", - афзуд манбаъ. Ӯ мегӯяд, суҳбат бо шахсоне, ки наздиконашон дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, тӯлонӣ хоҳад шуд ва ҳамчунин ҷавонони ришдорро маҷбур мекунанд, ки ришҳои худро тарошанд.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони амният сабабҳои бозпурсии диндоронро шарҳ намедиҳанд. Ба ҷуз ин, манобеъ мегӯянд, дар деҳаҳои ноҳияи Сафармурод Туркманбошӣ ба мақомоти маҳаллӣ дастур дода шудааст, ки намозгузоронро рӯйхат кунанд.

XS
SM
MD
LG