Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Таъмини амнияти мактаб ва кӯдаконро беҳтар мекунем


Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, маъмурияти ӯ дар самти беҳтар шудани амнияти мактабҳои миёнаи кишвар иқдом хоҳад кард. Дар як суханронии рӯзи 15 февралаш, ки рӯзе баъди тирандозии шадиде дар як мактаби аёлати Флорида рух дод ва 17 талабаи мактабро кушта бар ҷой гузошт, раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, ки бояд дар самти ҳимоят аз таъсири бемориҳои рӯҳӣ кор кард.

Трамп гуфт: “Мо бояд инчунин дар самти эҷоди фарҳанге кор кунем, ки арзиши зиндагиро омӯзиш диҳад ва ин арзишҳо пойбанди ҳикмати зиндагӣ бошанд”. Трамп, ки дар Кохи Сафед суханронӣ мекард, гуфт, ки ният дорад дар давоми рӯз ба шаҳраки Паркланди Флорида сафар карда бо наздикони қурбониҳои тирандозӣ мулоқот кунад.

Вай инчунин гуфт, ки мавзӯи таъмини амнияти кӯдакон дар мактабро бо раҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва генералҳо матраҳ кунад.

Гумонбари аслии тирандозии рӯзи 14 феврал - Николас Крузи 19-сола аст, ки қаблан барои интизоми бад аз мактаб хориҷ шуда буд. Ин ҷавон боздошт шудааст.

Қаблан президент Доналд Трамп амр дод, ки парчамҳои миллии кишвар дар сохтмонҳои давлатӣ ба нишони ҳамдардӣ ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаи хунин поин оварда шаванд.

Тирандозӣ дар мактаби Флорида 18-умин ҳамла аст, ки дар мактаби миёнае дар Амрико сурат мегирад. Яке аз хунинтарин ҳамлаҳо дар мактаби Сенди Куки аёлати Коннектикат соли 2012 ҷони 20 талаба ва 6 омӯзгорро гирифт.

XS
SM
MD
LG