Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду мусофир ҳангоми бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон


Масъулони фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки тайи як ҳафтаи ахир ҳангоми бозгашт аз Русия ба ватан ду мусофири тоҷик ҷон додаанд. Аз ҷумла, як марди 67-сола рӯзи 14-уми феврал ҳангоми парвози ҳавопаймо дар хатсайри Санкт-Петербург - Хуҷанд, ки аз тарафи ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии” анҷом мешуд, ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 15-уми феврал дар Маркази маълумотномадиҳии фурудгоҳи Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҳавопаймо бояд соати 5:30-и субҳи 14-уми феврал дар Хуҷанд фуруд меомад, вале бо таъхири 5-соата ҳозир шуд.

Як масъули ин марказ бидуни бурдани номаш гуфт, сабаби таъхир дар марги нобаҳангоми як марди мусофири ин ҳавопаймо будааст. Вай гуфт: “Дар вақти парвоз ҳолати як марди 67-сола бад шуда, ҷиҳати расондани ёрии тиббӣ ҳавопаймо ба фурудгоҳи шаҳри Оренбурги Русия фуруд омад. Вале он мард вафот кардааст”. Ному насаби мард ва ҳам сабаби марги ӯ феълан шарҳ дода намешавад. Матбуоти русӣ навишт, ки ин мард шаҳрванди Тоҷикистон буд.

Ба навиштаи матбуоти Русия, баъди фуруд омадани ҳавопаймо ва марги мусофир, ҷасадро ба як мурдахонаи шаҳри Оренбург интиқол доданд ва муфаттишони додситонии нақлиёти Оренбург таҳқиқи ин ҳодисаро шурӯъ карданд.

Дар ҳамин ҳол, табибони фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз марги як мусофири дигар замони бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон хабар доданд. Абдумалик Ҳафизов, сардухтури фурудгоҳ гуфт, вазъи саломати як сокини 72-солаи Тоҷикистон баъди тахминан як соати ба ҳаво хестани ҳавопаймо бад гардида, дар ҳамон ҷо ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи якшанбеи 11-уми феврал рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Абдусалом Бобоҷонов, сокини шаҳри Хуҷанд ҳамроҳи ҳамсараш Муҳтарам Бобоҷонова аз шаҳри Маскави Русия дар ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” (хатсайри 646) ба Хуҷанд меомад ва дар роҳ аз беморӣ ҷон дод. “Ӯ бемории вазнини ҷигар дошта, ҳамин беморӣ сабаби маргаш вақти парвоз шудааст", - афзуд мусоҳиби мо.

Ба қавли ӯ, ҷасади ин мард баъд аз муоина ва хулосаи пизишкон ба дасти пайвандонаш супурда шудааст.

XS
SM
MD
LG