Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ҳалокати афроди мулкӣ дар ҷангҳои Афғонистон коҳиш ёфт


Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки соли гузашта ҳалокати сокинони мулкӣ дар ҷангҳои Афғонистон коҳиш ёфтааст. Аммо айни замон гуфт, теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои ҳавоӣ афзоиш ёфтааст.

Коҳиши шумори кушта ва маҷрӯҳшудаҳо дар соли 2017 дар муқоиса бо соле аз ин пеш 9 дарсад камтар будааст. Ин арзёбӣ дар гузориши солонаи ҳайати СММ дар Афғонистон ва дафтари ҳуқуқи башари СММ нашр шудааст, ки рӯзи 15-уми феврал чоп шуд.

Дар маҷмӯъ, соли 2017 дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон марги беш аз 3 ҳазор ва ҷароҳати беш аз 7 ҳазор сокини мулкӣ сабт шудааст. Дар маҷмӯъ дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ соли гузашта 295 сокини мулкӣ кушта ва 336 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин омор назар ба соли 2016 - 7 дарсад бештар будааст.

XS
SM
MD
LG