Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори "Новая газета" Алӣ Фирӯз Русияро тарк кард


Хабарнигори "Новая газета" Алӣ Фирӯз

Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета"-и Русия Алӣ Фирӯз, ки ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар чанд моҳ дар маркази боздошти муваққат нигаҳдорӣ мешуд, билохира Русияро тарк кард. Фирӯз аз фурудгоҳи Шереметовои Маскав ба Олмон парвоз кард.

Нашрияи "Новая газета" рӯзи 15-уми феврал ба ҳамаи онҳое, ки аз рӯзноманигор ҳимоят карданд, ташаккур гуфт.

Ҳафтаи гузашта додгоҳи Басмании Маскав иҷозат дод, Фирӯз ба кишвари севум хориҷ шавад. То он замон додгоҳи Маскав раванди ихроҷи ӯро аз Русия манъ карда буд. Рӯзноманигор ним солро дар маркази боздошти муваққат ба сар бурд.

Ибтидои моҳи августи соли 2017 Худойбердӣ Нурматов (ному насаби аслии Алӣ Фирӯз) дар Маскав боздошт шуд. Журналистро ба нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор карданд. Фирӯз мегӯяд, ӯро дар кишвараш Узбакистон, мумкин аст, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор ва шиканҷа кунанд.

Давоми чандин сол Алӣ Фирӯз талош кард, дар Русия мақоми паноҳандагӣ пайдо кунад, аммо муваффақ нашуд.

Видеоҳои охирин

Пирӯзии Никол Пашинян дар интихоботи Арманистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG