Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg: Ҷангҷӯёни захмӣ аз Сурия ба Русия интиқол ёфтанд


Дайр аз-Зор баъди ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Башор Асад
Дайр аз-Зор баъди ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Башор Асад

Шаҳрвандони Русия, ки дар натиҷаи зарбаи нирӯҳои ҳавоии ИМА дар Сурия захм бардоштанд, дар бемористонҳои Вазорати дифои он кишвар дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург табобат мегиранд.

Дар ин бора наздикони ду захмишуда ба шарти ифшо нашудани номашон рӯзи 14-уми феврал ба хабаргузории Bloomberg иттилоъ додаанд. Манобеъ мегӯянд, эҳтимол шумори кушташудаҳо ба далели ҷароҳатҳои вазнини баъзе аз осебдидаҳо афзоиш ёбад.

7-уми феврал дар натиҷаи зарбаҳои ҳавои ИМА дар Дайр аз-Зори Сурия аз 100 то 500 низомие кушта шуданд, ки ба ҷонибдорӣ аз режими Асад меҷангиданд. Аз гуруҳи "Вагнер" даҳҳо низомии рус ҷон бохтаанд.

Вазорати дифои Русия ҳалокати шаҳрвандони худро рад карда, мегӯяд, низомиёни онҳо дар маҳалли ҳодиса ҳузур надоштанд.

Аммо телевизиони амрикоии CBS бо истинод ба манобеи худ дар Пентагон хабар дод, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ИМА дар Сурия зархаридони рус осеб дидаанд. Ҷангҷӯёни рус гӯиё дар минтақаи Ҳишоми Сурия қасд доштаанд, кони нафтеро тасарруф кунанд.

То шоми 14-уми феврал ному насаби 7 шаҳрванди Русия, ки дар сафи гуруҳи хусусии низомии "Вагнер" дар Сурия меҷангиданд ва дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ахир ҷон бохтаанд, маълум шуд.

XS
SM
MD
LG