Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Африқои Ҷанубӣ баъди иттиҳоми фасодкорӣ истеъфо дод


Ҷейкоб Зума - президенти пешини Африқои Ҷанубӣ
Ҷейкоб Зума - президенти пешини Африқои Ҷанубӣ

Президенти Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума рӯзи 14 феврал аз мақом истеъфо дод. Ба иттилои хабаргузории Reuters, роҳбари ин давлат баъди ҷанҷоли даст доштанаш дар фасодкорӣ аз мақом даст кашид.

Ҳафтаи равон ҳизби ҳокими Конгресси миллии Африқо ва дабири кулли он Эйс Магашуле аз Зума талаб кард, ки истеъфо диҳад. Бар асоси қонунгузорӣ, курсии президентро бояд ноиб-президент Сирил Рамафоса соҳиб шавад.

Ҷейкоб Зума соли 2009 ба курсии президентӣ нишаст ва соли 2014 барои як давраи дигар интихоб гардид. Соли 2017 ӯ дар фасодкорӣ ва қаллобӣ дар сохторҳои давлатӣ айбдор шуд. Пештар Конгресси миллии Африқо Зумаро аз роҳбарии ҳизб барканор карда буд.

XS
SM
MD
LG