Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири беҳдошт баъди марги муовинаш аз мақом барканор шуд


Вазири беҳдошти Тотористон Одил Вафин
Вазири беҳдошти Тотористон Одил Вафин

Вазири тандурустии минтақаи Тотористони Русия, Одил Вафин, чанд рӯз баъд аз ошкор шудани ҷасади муовинаш, ки бо айби ҷинояти иқтисодӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, аз мақом барканор шуд.

Мақомоти Тотористон рӯзи 14-уми феврал гуфтанд, ки Вафин бинобар гузаштан ба вазифаи дигар аз мақом сабукдӯш шуд.

Эълони истеъфои ӯ дар ҳоле пахш шуд, ки ҳафт рӯз қабл муовини 52-солаи вазири беҳдошт Елена Шишмарева дар маҳалли зисташ, дар Қазон, даргузашт.

Одил Вафин марги ноиби худро "фоҷеаи воқеӣ" унвон кард ва гуфт, Тотористон як мутахассиси ҳирфаиро аз даст дод.

Шишмарева 3-юми феврали соли равон бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ва суистифода аз мақом таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт. Сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG