Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи якҷояи ҳамсояҳои Афғонистон алайҳи терроризм


Қамар Ҷовид Баҷва (акс аз бойгонӣ)
Қамар Ҷовид Баҷва (акс аз бойгонӣ)

НАТО мегӯяд, дар нишасти дурӯзаи Кобул мақомоти низомии минтақавӣ қавл доданд, ки дар мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз фурӯши маводи мухаддир ҳамкории дастҷамъонаро ба роҳ мемонанд.

Сухангӯи маъмурияти НАТО дар Афғонистон капитан Том Гресбэк рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти дифоӣ аз 12 кишвар ваъдаи худро дар мубориза бо терроризм бори дигар таъкид карда, роҳҳои ҷалиавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва расидагӣ ба нигарониҳои амниятии фаромарзиро матраҳ карданд.

Дар ин нишаст аз ҷумла раҳбари Фармондеҳии Марказии Амрико Ҷозеф Вотел, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон Ҷон Николсон ва раҳбари ситоди нерӯҳои Покистон Қамар Ҷовид Баҷва иштирок карданд.

Афғонистон ва ИМА, Исломободро бинобар паноҳ додан ба ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон, таҳти фишор гирифтаанд. Покистон иттиҳомро рад мекунад.

Сухангӯи вазири дифои Афғонистон Давлат Вазирӣ рӯзи 13-уми феврал гуфт, "дар ниҳояти амр Покистон таҳти фишори байналмилалӣ ба муборизаи зидди терроризм ҳамроҳ хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG