Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми боз се шаҳрванди Русия, ки дар Сурия кушта шуданд


Ҳамлаи ҳавоӣ дар Ғутаи Шарқӣ
Ҳамлаи ҳавоӣ дар Ғутаи Шарқӣ

Номи боз се шаҳрванди Русия, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳалокат расиданд, ошкор шуд. Маълумотро дар робита ба ҳалокшудаҳо гурӯҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team ҷамъоварӣ кард. Гуфта мешавад, кушташудаҳо узви ширкати низомии хусусии "Вагнер"-и Русия буданд.

Санадҳои Conflict Intelligence Team рӯзи 14-уми феврал аз ҷумла ҳалокати сокини Нижний Новгород Александр Шиховро маълум карданд, ки қаблан дар низои мусаллаҳонаи шарқи Украина иштирок дошт.

Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ, инчунин, аъзои созмони ватанпарастони "Русь Триединая" бо номи Владимир ва тахаллуси "Апостол" кушта шуд. Аз нафари сеюм Руслан Гаврилов ном мебаранд, ки дар шаҳраки Кедровое, вилояти Сврдловск, зиндагӣ мекард.

Рӯзи душанбе Conflict Intelligence Team ва портали "Медиазона" номи панҷ шаҳрванди Русияро эълон карданд, ки эҳтимол ба ширкати хусусии низомии "Вагнер" шомил буданд.

7-уми феврал дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии ИМА дар вилояти Дайр аз-Зур аз 100 то 500 афроди мусллаҳ кушта шуд, ки дар тарафи Башор Асад меҷангиданд. Аз рӯи баъзе маълумот, талафоти сарбозони "Вагнер" аз даҳҳо то ба садҳо нафар мерасад.

Вазорати дифои Русия ҳалокати шаҳрвандонаш дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии ИМА-ро такзиб кард. Кремл низ даст доштани мақомоти Русия дар амалҳои сарбозони кироя дар Сурияро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG