Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Келини Трамп номаи ҳомили хокаро кушод ва ба бемористон бурда шуд


Хонаводаи Доналд Трамп
Хонаводаи Доналд Трамп

Аъзои оилаи президент Трамп дар гузашта ҳам номаҳое дарёфт карданд, ки дар дохилаш хока дошт. Келини президент, ҳамсари Доналд Трампи хурдӣ, рӯзи душанбеи 12 феврал баъди боз кардани лифофаи дорои хокаи ношинос ба бемористон интиқол ёфт. Номаро ба ҳамсари ӯ фиристода буданд. Интиқоли Венесса Трамп ба бемористон "чораи эҳтиётӣ" буд.

Оҷонсии Bloomberf мегӯяд, ки келини Доналд Трамп баъди боз намудани лифофа ё конферт, эҳсоси заъф кард ва ба табибон гуфт, ки сулфа ва дилбеҳузурӣ дорад. Ҳодиса дар Манҳэттен, манзили зисти Трампи хурдӣ рух дод.

Пулис зуд маълум кард, ки хокаи дохили конверт барои сиҳатӣ хатарнок нест. Тирамоҳи соли гузашта Трампи хурдӣ аз хизмати хадамоти махсус, ки амнияти аъзои оилаи нафарони аввали давлатро таъмин мекунад, даст кашид. Писари президент гуфт, ки мехоҳад "ҳарими хусусӣ" дошта бошад.

Баҳори соли 2016 писари дигари Трамп- Эрик Трамп лифофаи ҳомили хокаи машкукро дарёфт кард. Дар нома гуфта мешуд, ки агар номзади ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз сабқати интихоботӣ берун нашавад, ҳоли кӯдаконаш "бад хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG