Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 5 тонна тилло истихроҷ шудааст


Мақомоти Вазорати саноат ва технология нави Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2017 дар кишвар беш аз 5 тонна тилло истихроҷ шуда, ҳамаи онро Бонки миллӣ харидааст.

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, имсол боз се корхонаи нави истихроҷи тилло ба фаъолият оғоз мекунад.

"Аз ҳама кони калони истихроҷи тилло “Дуоба” ва “Кумархи боло” мебошанд. Корҳои геологӣ анҷом шудаанд, иҷозатнома ҳам гирифтаанд. Бояд корро шурӯъ кунанд", - афзуд Бобозода.

Вазири саноати Тоҷикистон гуфт, конҳои нав дар минтақаҳои кӯҳӣ дар баландии 4 ҳазор метр ҷойгир шудаанд ва шароити кор то ҷое душвор аст. Шавкат Бобозода афзуд, ин корхонаҳо муштарак бо шарикони хориҷӣ бо технологияи пешрафта кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG