Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидамир Зуҳуров аз бемористон мураххас шуд


Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пас аз дучори сактаи мағзӣ беҳбуд ёфта, аз бемористон мураххас шудааст. Ҷаноби Зуҳуров тайи се ҳафта дар бемористони Қаряи Болои Душанбе бистарӣ буд ва ба гуфтаи табибон, рӯзи якшанбеи 11-уми феврал аз бемористон ҷавоб дода шуд. Табибони ин бемористон рӯзи 13-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вазъи саломатии Саидамир Зуҳуров беҳбуд ёфта, озодона сӯҳбат мекунад ва қадам мезанад.

Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, шоми 22-юми январ бо сактаи мағзӣ (вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар) дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуд. Ӯ рӯзи шанбеи 27-уми январ аз корпуси панҷуми (эҳёгарӣ) ин бемористон ба корпуси шашум (шӯъбаи табобати асаб), мунтақил шуд.

Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли 2016 дар нафақа аст. Мақоми охирини ӯ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар наздиҳукумати Тоҷикистон буд. Дар ин вазифа ӯ даҳ сол кор кард.

Видеоҳои охирин

Шавқу рағбати наврасони тоҷик ба бейсбол
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG