Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми аршади Толибони Покистон дар ҳамлаи ИМА кушта шуд


Кӯдакони Покистон бо шиорҳои ҳизбҳои исломӣ бар зидди ҳамлаи бесарнишини ИМА

Толибони Покистон тасдиқ карданд, ки ноиби фармондеҳи ҷунбиши Толибон Холид Мехсуд аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд. Намояндаи Толибони Покистон рӯзи 12-уми феврал гуфт, Мехсуд дар дар пайи зарба ба рустои Ғовак ба ҳалокат расид.

Кормандони Хадамоти амнияти Покистон пештар аз ҳалокати Мехсуд, ки бо номи Саҷна шинохта шудааст, хабар доданд.

Мулло Фазлуллоҳ - раҳбари Толибони Покистон, муфтӣ Нур Валиро муовини нави фармондеҳи ин гурӯҳ таъин кард. Гуфта мешавад, ки Саҷна дар ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Покистон, соли 2011 дар Карочӣ ва ҳамчунин ҳамла ба маҳбаси воқеъ дар шимолу ғарби Банну соли 2012 даст дошт.

Толибон ҳамлаҳоеро алайҳи нерӯҳои амниятии Покистон пиёда мекунанд.

Исломобод ба зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико мухолифат дорад ва мегӯяд, онҳо соҳибихтиёрии кишварро зери суол мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми декабри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG