Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилиро аз Украина ба Лаҳистон ихроҷ карданд


Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ - раҳбари "Ҷунбиши нерӯҳои нав"-и Украина рӯзи 12-уми феврал дар Киев боздошт ва ба Лаҳистон ихроҷ шуд. Дар ин бора "Интерфакс-Украина" бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, ӯро на депортатсия, балки ҳамчун шахси ғайриқонунӣ ба кишваре ихроҷ карданд, ки аз онҷо ба Украина ворид шуда буд.

Тавре "Украинская правда" гузориш дод, сиёсатмадорро афроде, ки дар чеҳраҳояшон ниқоб доштанд, дар тарабхона боздошт карданд. Ин нафарон Саакашвилиро ба микроавтобус бор карда, ба самти номаълум бурданд.

Хадамоти амнияти Украина гуфт, онҳо дар ин амал даст надоранд. Дар ин бора хабарнигори Радиои Озодӣ гузориш дод.

Дар бораи боздошти Михаил Саакашвилӣ яке аз раҳбарони "Ҷунбиши нерӯҳои нав" Юрий Деревянко ба "Украинская правда" хабар дод. Ба навиштаи нашрия, онҳое, ки Саакашвилиро боздошт карданд, дар тан болопӯшҳои "Хадамоти давлатии марзбонӣ"-ро доштанд.

Соли гузашта раиси ҷумҳури Украина Петро Порошенко Саакашвилиро барои гӯё хабар надодан аз мавҷудияти парвандаи ҷиноияш дар Гурҷистон, аз ҳаққи шаҳрвандии Украина маҳрум кард ва идораҳои ин кишвар дархости ӯро дар бораи паноҳандагӣ рад намуданд.

Моҳи январи соли 2018 додгоҳи Тифлис Михаил Саакашвилиро бо иттиҳоми суистифода аз қудрат дар ғайбаш се сол аз озодӣ маҳрум кард.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG