Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Миср мегӯянд, 16 ҷангиро кушта, даҳҳо нафарро дастгир карданд


Корвони зиреҳпӯшҳои Миср дар шоҳроҳ ба сӯи шибҳаҷазираи Синай
Корвони зиреҳпӯшҳои Миср дар шоҳроҳ ба сӯи шибҳаҷазираи Синай

Низомиёни Миср мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти амниятии зидди ҷангҷӯёни исломӣ дар шибҳаҷазираи ноороми Синай, 10 ҷангҷӯро аз байн бурданд ва 30 тани дигарро боздошт карданд.

Дар изҳороти артиши Миср, ки рӯзи 11-уми феврал пахш шуд, омадааст, "даҳҳо ҳадаф, бо шумули захирагоҳи таслиҳот, васоили нақлиёт ва киштҳои ғайриқонунии афюн маҳв гардид".

Амалиёт, ки рӯзи 9-уми феврал оғоз шуд, бо истифода аз нерӯҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ ҷараён гирифт.

Раиси ҷумҳури Миср Абдуфаттоҳ Сисӣ ба нерӯҳои кишвараш амр карда буд, ки ҷангҷӯёнро то охири ҳамин моҳ саркӯб кунанд.

Амри Сисӣ моҳи ноябри соли гузашта дар ҳоле содир шуд, ки дар натиҷаи бомбагузорӣ ва ҳамлаи мусаллаҳона 311 нафар дар масҷиди шимоли Синай ба ҳалокат расид. Ин як ҳамлаи пурқурбонӣ дар таърихи навини Миср ба шумор меояд, ки дар содир кардани он гурӯҳи наздик ба ДИИШ муттаҳам шуд.

Ба дунболи ҳамла Сисӣ барои ҷорӣ кардани тартибот дар минтақа ба нерӯҳои кишвар се моҳ вақт дод ва гуфт, ки бо истифода аз тамоми нерӯҳои мавҷуд ҷангҷӯёнро беҳрамона саркӯб кунанд.

Ҷангҷӯён дар Синай баъди сарнагун шудани ҳукумати президенти исломӣ Муҳаммад Мурсӣ, дар соли 2013, сар бардоштанд.

Шибҳаҷазираи Синай бо Исроил ва Навори Ғазза ҳаммарз аст.

XS
SM
MD
LG