Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба наздикони қурбониёни "Ан-148" 4 млн.рублӣ ҷубронпулӣ медиҳанд


Кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда дар макони суқути ҳавопаймои АН-148
Кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда дар макони суқути ҳавопаймои АН-148

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия Максим Топилин мегӯяд, тамоми мусофирони ҳавопаймои "Ан-148" ширкати "Саратовский авиалиний", ки дар наздикиҳои шаҳри Москва суқут кард, дар ҳаҷми 2 миллион рубл бима шуда буданд.

"Ин 2 млн рубл бимаи меъёрӣ аст. Бар иловаи пули бима боз 25 ҳазор рублӣ барои дафн пардохт карда мешавад", - гуфт вазири рус рӯзи 12 феврал.

Намояндаи президенти Русия дар минтақаи федеролии Приволжский Михаил Бабич гуфт, ба хонаводаи қурбониён дар баробари пули бима 1 миллионрублӣ аз буҷаи вилояти Оренбург пардохта хоҳад шуд. Губернатори вилояти Москва Андрей Воробев ҳам ваъда дод, ки ба онҳо 1 миллионрублии дигар аз буҷаи вилоят медиҳад.

Ҳавопаймои "Ан-148" рӯзи якшанбе баъди парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Москва дар ноҳияи Раменскийи Русия суқут кард. Дар дохили он 71 одам буд. Дар миёни қурбониён як шаҳрванди Озарбойҷон, як шарванди Қазоқистон, як шаҳрванди Швейтсария ва се кӯдак низ ҳастанд.

Рӯзи душанбе дар вилояти Оренбург мотам эълом шудааст. Гуруҳи фаврии тафтишотӣ яке аз "қутиҳои сиёҳ"-и ҳавопайморо пайдо кардаанд, аммо дастгоҳи дувум то ҳол ёфт нашудааст.

XS
SM
MD
LG