Вазири дифои Амрико Ҷим Мэттис мегӯяд, "пешгӯӣ кардан бармаҳал аст, ки оё гармии равобит дар байни Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ то куҷо ба робитаи наздик дар шибҳаҷазираи Корея мусоидат мекунад.
"Пешгӯӣ кардан бисёр барвақт аст, ки баъди хотимаи Бозиҳои Олимпӣ раванди наздикшавии тарафҳо чигуна хоҳад буд,"- гуфт Мэтис ба хабарнигорон дар ҳавопаймо, ки ба самти Рум ҳаракат мекард.
"Ин бисёр як марҳилаи аҷиб аст, агар дар асл раҳбари Кореия Шимолӣ бо кишваре нармиш нишон медиҳад, ки дар гузашта ба он ҳамчун ба "лухтаки Амрико" борҳо ҳамла карда буд,"- гуфт раҳбари Пентагон.
Баъди ташаннуҷи авзо дар шибҳаҷазираи Корея, дар заминаи озмоишҳои мамнуъшудаи ҳастаӣ ва мушакҳои баллаиктикӣ аз тарафи Пхенян, Кореяи Шимолӣ ба рақиби пешинаш Кореяи Ҷанубӣ нармиш нишон дод.
Ким Чен Ун - раҳбари Кореяи Шимолӣ Мун Ҷӣ, раҳбари Кореяи Ҷанубиро ба гуфтугӯ даъват кард, ки агар сурат бигирад, дар даҳсолаи ахир аввалин мулоқот хоҳад буд.
Ҳамчунин Ким Йо Ҷонг, хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Бозиҳои Олимпӣ иштирок кард, ки ҳоло дар Коеяи Ҷанубӣ ҷараён дорад.