Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадорони зиндонии Қирғизистон даст ба гуруснанишинӣ заданд


Сиёсатмадрони зиндонии Қаирғизистон Қубанчибек Қодиров, Бектур Асанов ва Эрнест Қодирбеков

Се сиёсатмадори мухолифи қирғиз - Бектур Асанов, Кубаничбек Қодиров ва коршиноси умури энержӣ Эрнест Қодирбеков, ки бо ҷурми кӯшиши ғасби ҳукумат зиндонӣ шудаанд, гуруснанишинӣ эълон карданд.

Ба иттилои сухангӯи Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон Александр Никсдорф, вазъи ин се зиндонӣ хуб аст ва онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.

Никсдорф иттилои наздикони Бектур Асановро рад кард, ки гуфтаанд, ӯ аз роҳгардӣ мондааст. Рӯзи 10 феврал зиндониҳо бо ҳамсаронашон мулоқот карданд. Ҳамсари Бектур Асанов мегӯяд, вазъи шавҳараш якбора бад шудааст.

17 апрели соли 2017 додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон Эрнест Карибековро 20 сол, Кубаничбек Қодировро бо Бектур Асанов 12-солӣ ва Достон Саригуловро шартан 4 сол зиндонӣ кард.

7 феврали соли равон додгоҳи шаҳрӣ қарори додгоҳи зинаи аввалро бе тағйир гузошт.

Асанов 13 ва Карибеков бо Қодиров аз 12 рӯз пеш гуруснашинӣ эълон кардаанд. Сиёсатмадорон истеъфои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додгоҳи одилонаро талаб доранд.

Видеоҳои охирин

"Бразилия то финал мерасад.Олмон чӣ?"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:38 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG