Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ мардуми Эронро ба ваҳдати миллӣ даъват кард


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон тамоми ҷиноҳҳои сиёсӣ дар кишварашро ба ваҳдат миллӣ даъват кард. Рӯзи 11-уми феврал дар Эрон 39-умин солгарди Инқилоби Исломиро таҷлил карданд, ки соли 1979 рух дод. Чанд ҳафта пештар аз ин ҳазорон нафар дар саросари Эрон ба зидди рӯҳониёни ҳоким дар Эрон тазоҳурот карданд.

Рӯзи 11-уми феврал садҳо ҳазорон нафар аз мардум дар раҳпаймоиҳои ташкилкардаи давлатӣ ширкат варзида ва ба зидди Амрикову Исроил шиор доданд ва парчамҳои онҳоро оташ заданд. Ҳасан Рӯҳонӣ зимни суханронӣ дар Майдони Озодӣ дар Теҳрон гуфт, ки мехоҳад, 40-умин солгарди Инқилоби Исломиро соли ваҳдат эълон кунанд.

Ӯ гуфт, “Ман аз муҳофизакорон, ислоҳталабон, тамоми аҳзоб ва тамоми мардум мехоҳам ба ҳам биёянд ва якҷо шаванд.” Охири моҳи декабр ва аввали январ ҳазорон нафар дар 70 шаҳри Эрон ба зидди ҳукумат эътироз карданд.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG