Баъди ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар қаламрави Сурия, Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал хостори коҳиши фаврии танишҳо дар Сурия шуд.
Стефан Дуярич, сухангӯи Созмони Милал дар як баёнияе дар рӯзи 10-уми феврал гуфт, дабири кулл “шиддат гирифтани муноқиша дар саросари Сурия ва фарорат рафтани он аз марзҳои кишварро аз наздик мушоҳида дорад” ва аз ҳамаи тарафҳо дар Сурия ва минтақа мехоҳад, қонунҳои байналмилалиро риоят кунанд.
Ба гуфтаи Дуярич, Антонио Гутерреш аз ҳама мехоҳад, хештандорӣ нишон бидиҳанд ва танишҳоро фавран коҳиш диҳанд. Исроил гуфт, ки рӯзи 9-уми феврал, як ҳавопаймои ҷангии онро нерӯҳои Сурия ҳангоми бозгашт аз бомборони ҳадафҳои Эрон дар Сурия сарнагун кардаанд. Ба гуфтаи Исроил ҳамлаҳо баъди вуруди як ҳавопаймои бесарнишини Эрон ба хоки Исроил анҷом дода шуд.