Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳавопаймои Русия бо 71 нафар суқут кардааст


Breaking News graphic Tajik

Ҳавопаймои мусофирбари Ан 148 аз ширкати Саратовские авиалинии рӯзи якшанбе дар дар наздикии Маскав суқут кард. Ҳавопаймо баъди 7 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Домодедово аз радарҳо нопадид шуд. Ба шаҳри Орски вилояти Оренбург ҳаракат мекард. Шасту панҷ мусофир ва 6 халабон ҳалок шудаанд.

Ба навиштаи вебсайти флайтрадар ком, пеш аз қатъи иртиботи халабонҳо бо маркази парвоз, ҳавопаймо бо суръати баланд ба самти поён омадааст.

Маъмурони наҷот лошаҳои ҳавопайморо дар наздикии рустои Степановское дар ноҳияи Раменский пайдо кардаанд.

Дар бораи сабабҳои фалокат хабаре нест. Вазорати нақлиёти Русия ду фарзия, мушкилоти фаннӣ то ба ҳавои номусоидро баррасӣ мекунад. Яке аз манбаъҳои хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки мумкин аст, ҳавопаймо ба чархболи Почтаи русия бархӯрда бошад. Аммо ин хабарро комилан рад карданд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия барои хешовандони қурбониён телефони махсуси кумак боз кард. Дар шаҳри Орск хешовандони қурбониён бо умеди гирифтани хабаре дар фурудгоҳ ҷамъ омаданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Наврӯзи ормонҳо. Гузориши вижа аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:10:07 0:00
XS
SM
MD
LG