Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу мегӯяд, ба Эрон Сурия "дарс доданд"


Бенямин Нетаняҳу

Нахуствазир Бенямин Нетаняҳу, гуфт, артиши Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба нерӯҳои Эрон ва Сурия дар қаламрави ин кишвар “зарбаҳои сахте” задааст.

Ӯ рӯзи 11-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, Исроил возеҳ нишон дод, ки “ба ҳаргуна талош барои зарба ба мо зарба мезанад”. Рӯзи 10-уми феврал нерӯҳои Исроил дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд ва пеш аз он гуфтанд, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини Эронро дар фазои Исроил сарнагун карданд.

Исроил гуфт, ба чанде аз таъсисоти Сурия ва Эрон зарба задааст. Ҳангоми ин амалиёт нерӯҳои Сурия як ҳавопаймои F-16- и нерӯҳои ҳавоии Исроилро сарнагун карданд. Халабонҳои он беосеб аз ҳавопаймо берун шуда ва шимоли Исроил фуруд омадаанд.

Эрон баёнияҳои Исроилро “мазҳака ва дурӯғ” номид ва гуфт, ки Сурия ҳақ дорад, аз ҳамлаҳои Исроил худро муҳофизат кунад. Ҳавопаймоҳои Исроил дар гузашта ҳам ба пойгоҳҳои Сурия ҳамла кардаанд.

Видеоҳои охирин

Шавқу рағбати наврасони тоҷик ба бейсбол
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG