Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон мегӯяд, ба нирӯҳои таҳти ҳимояти Эрон танк надодааст


Масъулони Вазорати дифои Амрико гуфтанд, нирӯҳои таҳти ҳимояти Эрон, ки алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия меҷанганд, аз танкҳои “Абрамс” итифода кардаанд. Ин танкҳо аз тарафи нирӯҳои Амрико дар ихтиёри артиши Ироқ гузошта шуда буд.

Эрик Пайон, сухангӯи Пентагон, рӯзи 9-уми феврал гуфт, бар асоси тахминҳо 9 танки “Абрамс” баъди истифода аз сӯи нирӯҳои таҳти ҳимояти Эрон дар Сурия дубора ба артиши Ироқ баргардонда шудааст.

Ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз таҷҳизоти дифоиро дар ихтиёри нирӯҳои таҳти ҳимояти Эрон қарор надодааст.

Амрико аз соли 2005 ба ин тараф фурӯши аслиҳа ва таҷҳизот, ба шумули дастикам 150 танки “Абрамс”-ро ба Ироқ тасвиб кардааст.

XS
SM
MD
LG