Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Кишварҳои ғарбӣ аз таҳримҳои зидди Русия хаста хоҳанд шуд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Раиси ҷумҳури Русия пешбинӣ кард, ки кишварҳои ғарбӣ аз ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди Маскав хаста хоҳанд шуд ва равобити тарафҳо ба зудӣ беҳбуд меёбад. Владимир Путин ин изҳоротро рӯзи 9-уми феврал дар як ҷаласаи тоҷирону коргарони бахши саноати кишвараш баён кард.

Путин гуфтааст, “фикр мекунам, касоне, ки ин корро мекунанд, ба зудӣ худро хаста хоҳанд сохт. Умед дорам, мо дар масири равобити одӣ қарор гирем.”

Раиси ҷумҳури Русия ин изҳоротро дар ҳоле иброз дошт, ки қарор аст баъд аз чанд ҳафта дар он кишвар интихоботи президентӣ баргузор шавад.

Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигарон дар вокуниш ба ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия ва нақши ин кишвар дар ҷанг дар шарқи Украина алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ кардаанд. Бархе аз кишварҳои ғарбӣ, бо шумули Амрико, дар робита ба масоиле чун нақзи ҳуқуқи башар ва мудохилаи эҳтимолии Маскав дар интихоботи президентии соли 2016-и Амрико низ алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ намудаанд.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG