Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия аз ҳалокати беш аз сад сарбозаш дар Дайр аз-Зур хабар дод


Ғалаёни дуд баъди ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Сурия ба Ғутаи Шарқӣ. 7-уми феврали соли 2018

Телевизиони давлатии Сурия рӯзи 8-уми феврал хабар дод, ки ҳавопаймоҳои эътилофи таҳти назари ИМА, ки алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мубориза мебаранд, мавқеи нерӯҳои ҳукумати Сурия дар вилояти шарқии Дайр аз-Зурро бомбаборон карданд.

Телевизиони Сурия ин амалиётро "таҳоҷуми нав" ва "талоши пуштибонӣ аз терроризм" унвон кард.

Намояндаи расмии ИМА рӯзи 8-уми феврал ба хабаргузории Reuters гуфт, ҳамла посух ба ҳуҷуми ҷингҷӯёни тарафдори ҳукумат ба ситоди "Нерӯҳои Демократии Сурия" буд.

Дар натиҷаи бомбапартоии ҳавопаймоҳи эътилоф беш аз 100 сарбоз, ки дар тарафи Башор Асад меҷангид, ҳалок шуд. Теъдоди умумии нерӯҳои тарафдори ҳукумати Сурия дар ин ҷанг 500 нафар гуфта мешуд. Онҳо бо истифода аз тӯпхона ва тонку миномет ба ситоди "Нерӯҳои Демократии Сурия" ҳамла бурданд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 14-уми ноябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG