Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Надодани телефонҳои Samsung ба варзишгарони эронӣ ҷанҷол барангехт


Вазорати умури хориҷии Эрон шаби 7-уми феврал сафири Кореяи Ҷанубиро даъват карда, ба тасмими надодани ҳадяҳои ширкати Samsung ба варзишгарони Эрон ва Кореяи Шимолӣ дар Бозиҳои олимпии зимистона эътироз кардааст.

Рӯзи гузашта сухангӯи Кумитаи олимпии зимистонии Кореяи Ҷанубӣ ба хабаргузории Франс-пресс гуфт, бинобар таҳримҳои СММ, варзишгарони Эрон ва Кореяи Шимолӣ аз дарёфти телефонҳои Samsung дар Бозиҳои олимпии зимистона маҳрум ҳастанд.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, телефонҳои ҳадяшуда, ки қимати онҳо ҳудуди 900 доллар аст, метавонад ҷузъи ашёи гаронбаҳо ба ҳисоб ояд, ки таҳримҳои СММ шомили онҳо мешавад.

Вазорати умури хориҷии Эрон ин тасмимро мухолиф бо руҳи ҳоким бар Бозиҳои олимпӣ хондааст.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон ба мақомоти Вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, ҳукумат ва ширкати Samsung нақше дар ин қазия надоранд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва баргузоркунандагони олимпиадаи зимистонаи Кореяи Ҷанубӣ то ба ҳол ба ин гузоришҳо вокунише накардаанд.

XS
SM
MD
LG