Соли гузашта тақрибан 20 корманди масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои доштани вазни аз меъёр зиёд муваққатан аз вазифаҳои худ гирифта шудаанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 8-уми феврал гуфт, онҳое ки вазни худро танзим мекунанд, дубора дар мақомҳои худ барқарор хоҳанд шуд. "Бубинед, худи раиси кадрҳо чӣ қадар лоғар шудааст. Шумо ӯро дар гузашта дида будед? Ӯ 15 кило вазнашро партофт. Худи ӯ мисоли аён аст", - афзуд вазир.
Талошҳо барои танзими вазни кормандони умури дохилӣ дар доираи Барномаи хоси ислоҳоти милиса анҷом мегирад. Чаҳор соли пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Стратегияи ислоҳоти милиса барои солҳои 2013-2020”-ро қабул кард.
Бар асоси як дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон вазни коргар бояд ба баландии қади ӯ мувофиқат кунад ва шиками бузург надошта бошад. Масалан, агар баландии қади корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 1 метру 70 сантиметр аст, вазни ӯ набояд аз 70-75 кило бештар бошад.