Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Тоҷикистон бо номзади худ вориди интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси вакилони Суғд шуданд.

Баъд аз интихоботи гузаштаи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар соли 2015 дафтари Ҳизби демократ дар Суғд бори аввал ба ҳайси довталаб ба майдон ворид гардид. Қарор аст, интихоботи миёндаврӣ барои курсии холимондаи Маҷлиси вакилони Суғд дар ҳавзаи "Бофанда-2"-и шаҳри Хуҷанд рӯзи 25-уми феврал баргузор шавад.

Рақиби шаҳрдори Хуҷанд

Аксар аъзои маҷлисҳои шаҳриву вилоятӣ дар Тоҷикистонро намояндагони ҳизби ҳоким ташкил медиҳанд.

Абдуҷаббор Юлдошев, раиси демократҳои Суғд, дар интихоботи миёндаврӣ барои соҳиб шудан ба курсии маҷлиси вакилони вилоятӣ бо номзад аз ҳизби халқии демократӣ Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд сабқат хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир комиссияи интихоботии "Бофанда-2" дар шаҳри Хуҷанд ҳамин ду довталабро сабтином кардааст. Абдуҷаббор Юлдошев рӯзи 8-уми феврал гуфт, ки дар ин маҳаллаи серҷамъияти Хуҷанд дафтари ҳизби демократ ҷойгир аст ва ба иддаои ҳизб, ҷонибдори зиёд дорад. "Ҳадафи ҳизб пирӯзӣ ваё ҳадди ақал фаҳмидани назар ва интизориҳои мардум дар бораи ҳизби демократ ва барномаҳои мост", - афзуд ӯ.

Ваъда: Аз таъсиси ҷои кор то ҳимоят аз маъюбон

То ба ҳол номзадҳо ду дафъа бо сокинон мулоқот кардаанд. Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, номзади ҲХДТ ба маҷлиси вакилони Суғд ба интихобкунандаҳо гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ "барои рушди ҳунарҳои миллӣ ва ба шуғли доимӣ таъмин кардани занону духтарон" ва "дастгирии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор" саъй хоҳад кард.

Абдуҷаббор Юлдошев аз нахустин узви ҳизби демократи Тоҷикистон дар пайи кашмакашҳо ва мухолифатҳои дохилӣ дар Ҳизби демократ соли 2013 раҳбарии созмони ин ҳизб дар Суғдро бар дӯш гирифт. Ӯ моҳи декабри соли 2017 дар анҷумани навбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе яке аз муовинони раиси ҳизб интихоб шудааст.

Ҳизби демократ баъди интихоботи 2015

Кашмакашҳо Ҳизби демократро аз иштирок дар интихоботи порлумонии соли 2015 бо пешбарии номзадҳои худ аз ҳавзаҳои инфиродӣ ва, ҳамин тавр, аз сабқат барои соҳиб шудан ба курсиҳои маҷлисҳои вилоятиву маҳаллӣ канор андохт. Танҳо Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳавзаи инфиродии Фархор соҳиби курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон гашт. Ин ҳам ба оташи баҳсҳои байни демократҳо равған рехт ва бисёриҳо иддао карданд, ки вай ҳизби демократро ба “ҳизби кисагӣ” табдил дод.

Моҳиннисо Ҳорисова
Моҳиннисо Ҳорисова

Коршиносони маҳаллӣ талоши Ҳизби демократ барои дубора баргаштан ба саҳнаи сиёсиро мусбат арзёбӣ карданд. Коршинос Моҳиннисо Ҳорисова мегӯяд, "ҳарчанд аз қабл медонанд, ки номзади демократҳо дар муқобили раиси шаҳри Хуҷанд барои пирӯзӣ шанси хеле ночиз дорад, ворид шудани демократҳо ба саҳнаи рақобат шоистаи таҳсин аст. Чунки дар вилояти Суғд ба ҷуз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, дигарон ҳатто аз будани худ дарак намедиҳанд."

Абдуҷаббор Юлдошев, раҳбари демократҳои Суғд, мегӯяд, намояндагони ин ҳизб танҳо аз барномаву тарҳҳои ҳизби худ ҳимоят хоҳанд кард ва бо ин роҳ талош доранд мавқеи аздастрафтаи худро миёни ҷомеа аз нав касб кунанд. Мунтақидон мегӯянд, ҲДТ ҷойгоҳаш дар арсаи сиёсии Тоҷикистонро аз даст додаву дар миёни мардум пуштибони зиёд надорад ва амалан ба як сояи дигари ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ табдил ёфтааст.

Аксари курсиҳоро ҲХДТ дар ихтиёр дорад

Маъруф Муҳаммадҷонов
Маъруф Муҳаммадҷонов

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Юлдошев, ҲДТ дар аксар шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон, асосан дар Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атрофи он, созмонҳои ибтидоии худро дорад ва аъзои он ҳудуди 600 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар сафи ҳизби демократӣ дар вилояти Суғд умдатан собиқадорони ин ҳизб ва афроди оддӣ боқӣ мондаанд.

Аксар аъзои маҷлисҳои шаҳриву вилоятӣ дар Тоҷикистонро намояндагони ҳизби ҳоким ташкил медиҳанд. Дар пайи интихоботи соли 2015 дар Тоҷикистон, 65 дарсади аъзои Маҷлиси Намояндагонро аъзои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ташкил дода, боқӣ курсиҳоро намояндагони ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалистӣ ба даст оварданд. Намояндагони ҳизбҳои мухолифи ҳукумат, ки то ду соли пеш дар порлумон курсӣ доштанд, аз ҷумла, ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистӣ, натавонистаанд садди 5-фоизиро убур кунанд. Ҳизби наҳзати исломӣ охири соли 2015 баставу мамнӯъ эълон шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG