Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С. Исмонов: “Дар пирӯзии ман муомилае набуд” (ВИДЕО)


Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Гуфтугӯи ихтисосии Радиои Озодӣ бо Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар интихоботи ахири парлумонӣ аз ҳама рақибонаш раъйи бештар ба даст овард.

Бо пирӯзии Саидҷаъфар Исмонов дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи Фархор-34, Ҳизби демократи Тоҷикистон вориди порлумон гардид. Масъулони ҳавза эълон карданд, ки раҳбари демократҳои Тоҷикистон беш аз 77 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Радиои Озодӣ гуфтугӯи вижаеро бо Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон анҷом дод:

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Исмонов, нахуст пирӯзӣ дар интихобот муборак бошад. Аммо пирӯзии шумо бештар бо бозпас гирифтани номзади ҲХДТ таъмин гардид. Агар намояндаи ҲХДТ номзадиашро бозпас намегирифт, ба пирӯзиатон боварӣ доштед?

Саидҷаъфар Исмонов: Оре, дар сурати идомаи рақобати номзади ҲХДТ ман ба пирӯзиам бовар доштам. Чун корзори интихоботӣ собит кард, ки мардуми ноҳияҳои Фархор ва Панҷ пас аз интихоботи президентӣ, ки ман ҳам яке аз номзадҳо будам, шинохти хубе аз ман доранд. Чун пас аз интихоботи президентӣ нуфузи ман ва ҳизби демократ дар миёни ҷомеа бештар шуд. Ҷавонон низ бештар ба ҳизби мо таваҷҷӯҳ карданд. Аз сӯи дигар, зодаи ноҳияи Фархорам, онҷо бузург шудам ва ҳатто муддате кор кардам. Ҳатто зимни муаррифии барномаи қабл аз интихоботӣ дар манотиқ мардум ба мо таваҷҷӯҳ доштанд ва ба хушӣ аз он истиқбол мекарданд. Ба ин далел, сад дар сад бовар доштам, ки аксарияти овози интихобкунандагонро ба даст хоҳам овард.

Раджиои Озодӣ: Бозпас гирифтани номзадии намояндаи ҲХДТ дар афкори ҷомеа ин ҳадсу гумонҳоро ба бор овард, ки ҳизби ҳоким бо шумо муомилаеро анҷом додааст. Ҳатто гуфта мешуд, ин пирӯзӣ имтиёзе буд барои ҷуброн кардани номзадии шумо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013?

Саидҷаъфар Исмонов: Албатта бозпас гирифтани номзадӣ аз ҷониби намояндаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳаққи қонститутсионии вай буд. Баъдан, шояд вай имкониятҳояшро дар заминаи раъйи мардум омӯхта ва баррасӣ карда ва ба ин хулоса расидааст. Ҳеҷ маслиҳате ҳам дар ин замина сурат гирифта наметавонад, чун мардуми Фархору қисмате аз Панҷ вижагиҳои худашонро доранд. Чун дар манотиқи марзӣ зиндагӣ мекунанд ва фикру ақидаҳои хоси худашонро доранд. Ба ин далел, маслиҳат кардану онҳоро ба тарафе кашидан бисёр душвор аст.

Саидҷаъфар Исмонов бо Хуршеди Ҳамдам.
Саидҷаъфар Исмонов бо Хуршеди Ҳамдам.

Барои бозпас гирифтани номзадии намояндаи ҲХДТ низ ягон маслиҳате набуд ва аз раъйи мардум ва таваҷҷӯҳи мардуми минатдорам. Бо ҳизби ҲХДТ низ дар ин бора сӯҳбате анҷом нашудааст ва ин маънӣ ҳам надорад. Аммо бояд бигӯм, ки ҳизби демократ то расидан ба интихоботи порлумонӣ барои муаррифии худ дар миёни ҷомеа корҳои шоёнеро кард ва ба хусус дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки бо номзади худ дар ин маъракаи муҳим ширкат кард. Барномае, ки мо дар ин интихобот пешниҳод кардем, дарди мардум буд ва албатта талош кардем, то таваҷҷӯҳи мардумро ба ин ҳизб бештар созем.

Радиои Озодӣ: Чун аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 гуфтем, он замон шумо изҳор карда будед, ки яке аз писаронатон ба Эмомалӣ Раҳмон овоз додааст. Дар ин интихобот чӣ?

Саидҷаъфар Исмонов: Назари ман ин аст, ки ҳар шахс фарзанди худро аввал ободу ахлоқи ҳамида омӯзонад ва дуруст тарбия кунад. Ба ӯ савод диҳад, шароити таҳсилашро фароҳам кунад, то узви комилҳуқуқи ҷомеа гардад. Аммо фарзандро ҳамчун “думравак”-и худ, ба ҳар кору ҳар ҷо набарад. Дигар ин, ки писари ман аз соли 2009 аъзои

Зиндагиномаи Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Замони ҷанги шаҳрвандӣ ширкати истеҳсолии дорувории «Хатлон»-ро дар ноҳияи Ховалинг ташкил дод. Баъди ҷанг ба Душанбе омад ва дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ - Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт. Соли 2005 ба таъсиси ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон азм кард, вале сабти ном карда натавонист. Саъидҷаъфар Исмонов соли 2006 ба ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси ҳизб интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ҳизби демократи Тоҷикистон ширкат кард.

ҲХДТ аст, аммо ман моҳи декабри соли 2012 дар анҷумани баҳамоии ҳизби демократ, раҳбари ҳизб интихоб шудам. Агар писари ман ҲХДТ-ро тарк карда ба ҳизби демократ мепайваст, бовар кунед, ман ӯро эҳтиром намекардам. Чун мағзи демократия ҳамин аст. Интихоб бояд озод бошад. Агар ман дар оилаи худ маҳдудиятеро барои ҳуқуқу озодиҳои онҳо эҷод кунам, пас демократия ва озодӣ чӣ хоҳад шуд. Ба ин далел, онҳо озод ҳастанд. Барои ҳамин, ба ҳар касе писарам овоз додааст, ин ҳаққи вай аст ва ман ба иродаи вай эҳтиром мегузорам. Бубинед, дар интихоботҳои қаблӣ, ҳизби демократ раъй ба даст наовард, пирӯз нашуд, аммо ба иродаи мардум эҳтиром гузошт.

Радиои Озодӣ: Дар бораи хонавода, ба ҷуз писаратон дигарон аъзои ҳизбе ҳастанд?

Саидҷаъфар Исмонов: Дар хонавода ману ҳамсарам, духтарам ва ду писари дигарам низ демократ ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Хуб, ҳамакнун ҳизби демократ вориди порлумон шуд, ҳизбе, ки дар гузашта аз нируи мухолифи сарсахти ҳукумати феълӣ буд, Шумо ин роҳро идома медиҳед, ё хайр?

Ҳизби Демократи Тоҷикистон бори аввал ба порлумон роҳ ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:16 0:00

Саидҷаъфар Исмонов: Ҳизби демократи Тоҷикистон барнома ва ойнномаи худро дорад. Мо ҳизби мухолифи конструктивӣ ҳастем. Албатта, бо роҳи ҳамкорӣ фаъолият мекунем ва дар ҷомеа барои бароварда кардани ормонҳои миллӣ саҳм мегирем. Аз низоми демократӣ ҳимоят мекунем ва Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷомеаи комилҳуқуқ, дунявӣ ва демокративук ҳуқуқбунёд муаррифӣ хоҳем кард.

Радиои Озодӣ: Ҳамакнун нияте доред, ки дар ҳамкорӣ бо номзадҳои дигари аҳзоб ва мустақил фраксияеро дар порлумон созмон диҳед?

Саидҷаъфар Исмонов: Агар фраксияҳои ҳизбие, ки дар порлумон ташкил карда мешаванд, барномаҳои онҳо ба барнома ва ойинномаи ҳизби демократ ва барномаи пеш аз интихоботи мо мутобиқат дошта бошанд ва барои рушду нумӯи кишвар ва беҳбуди зиндагии мардум саҳмгузор бошад, албатта ҳамкорӣ хоҳем кард. Ин аз принсипҳои мо аст. Мо шахсиятеро интихоб намекунем, балки барномаеро интихоб мекунем, ки ояндаи Тоҷикистонро ба роҳи дуруст ва ободу шукуфоӣ мебарад.

Радиои Озодӣ: Интихобкунандагон аз вакили худ умеди зиёд доранд. Пас иҷрои ваъдаҳое, ки ба интихобкунандагонатон додаед, чӣ мешавад?

Саидҷаъфар Исмонов: Дар барномаи қабл аз интихоботӣ ва дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон чанд пешниҳоду таклифҳоеро чиҳати кам кардани андозҳо ва беҳбуди фаъолияти соҳибкорон ва дар ин замина додани имтиёз ба соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, ба монополияи давлатӣ гузаронидани як қисми соҳаҳои сердаромад, ки имрӯз буҷаи ҷумҳурӣ ниёз дорад. Индексатсия кардани музди маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва ҳуқуқи нафақагирон матраҳ кардам. Албатта дар порлумон ҳатман ин ваъдаҳое, ки шуданд, пайгирӣ хоҳанд шуд ва ҳадафи мо низ муосидат дар зинадгии шоистаи мардум аст. Чун мо ходими ин мардуму миллатем.

Радиои Озодӣ: Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, порлумони оянда, порлумони хомӯш хоҳад шуд. Чун намояндагони аҳзобе, ки вориди ин порлумон шудаанд, аз ҷумла ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалист, ҳизбҳои “кисагӣ” ҳастанд ва ҳар лоиҳаи қароре, ки аз ҷониби ҳукумат ба порлумон ворид мешавад, бидуни баҳсу баррасиҳо қабул хоҳад шуд. Назари шумо чист?

Саидҷаъфар Исмонов: Бубинед, ҷомеа пеш меравад ва тағйиротҳо дар ҳаёт ба амал меояд. Намояндагони ҳизбҳое, ки ба порлумон шомил шуданд, афроди касбу кори мухталиф ва ҳар кадоме дар соҳаи худ мутахассис ҳастанд. Шахсан, ман ба унвони намояндаи ҳизби демократ, талош мекунам, то қонунҳои мо замонавӣ ва дархӯри дарду ниёзи мардум гарданд. Чун порлумон ҷое аст, ки бояд қонунҳо фарогири ҳалли мушкилоти мардум бошад ва баро манфиати давлату миллат ва суботу амнияти кишвар таҳия гарданд.

Радиои Озодӣ: Ташаккур

XS
SM
MD
LG