Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи лафзии Мирзиёев ба мақомоти махсуси кишвараш


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон, бо лафзи хашин Хадамоти амнияти миллӣ ва бархе аз роҳбарони онро айбдор кард. Дар ин бора сабти садои ҷаласае шаҳодат медиҳад, ки 19-уми январ дар мулоқот бо фаъолони вилояти Сурхандарёи Узбакистон сурат гирифтааст.

Суханронии Мирзиёев, ба вижа, ҳарфҳояш нисбат ба Хадамоти амнияти миллӣ то кунун расонаӣ нашуда буданд. Дар ин сабт президенти Узбакистон аз фаъолияти чандинсолаи Хадамоти амният бо лафзи хашин ёдоварӣ мекунад. Ӯ гуфт, Хадамот қудрати мутлақро дар кишвар, ба вижа дар вилояти Сурхандарё аз даст додааст.

Дар сабт Мирзиёев номи муовини ҳамакнун пешини Хадамоти амнияти кишвараш Шуҳрат Ғуломовро зикр мекунад. Вай Ғуломовро "нопок" меномад ва ӯро айбдор мекунад, ки "роҳбари порахӯрон аст".

Мирзиёев моҳи июли соли 2017 дастур дод, ки рутбаи генералии Ғуломов бекор ва нисбати вай парванда кушода шавад. Ба гуфтаи манобеъ, Ғуломов ҳоло дар маҳбас бозпурсӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Наздикони Муқаддас :"Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:05 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG