Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ пеш аз Бозиҳои олимпӣ гузашти низомӣ баргузор кард


Куриёи Шимолӣ рӯзи 8-уми феврал, як рӯз қабл аз шурӯи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пхёнчхан, гузашти низомӣ баргузор кард. Ба иттилои хабаргузории Associated press, дар ин гузашт наздики 10 ҳазор низомӣ ширкат кардааст.

Чорабинии анъанавӣ бахшида ба солгарди таъсиси артиши Куриёи Шимолӣ, ки одатан моҳи апрел баргузор мешуд, ин дафъа 8-уми феврал доир гардид. Хабар дода мешавад, ки Куриёи Шимолӣ танқидҳои ИМА ва кишварҳои дигарро дар робита ба манъи баргузории гузашти низомӣ дар остонаи Бозиҳо, нодида гирифтааст.

Пештар Пхеняни расмӣ гуфт, ҳайати Куриёи Шимолӣ ният надоранд, бо ҳамтоёни амрикоияшон дар Пхёнчхан мулоқот кунанд.

Ахиран ноиб-президенти ИМА Майк Пенс аз омодашавии таҳримҳои нави иқтисодӣ зидди Куриёи Шимолӣ хабар дод. Вай гуфт, Вашингтон тасмим дорад, Куриёи Шимолиро ба қатъи барномаи ҳастаӣ ва мушакиаш водор кунад.

Видеоҳои охирин

Депутати маҷруҳи қирғиз дар Суғд бистарӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG