Хадамоти амнияти федеролии Русия - ФСБ гуфт, ки 9 нафар дар Ингушистон бо ҷурми робита бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" аз 5 то 19 сол зиндонӣ шуд.
Биноба маълумоти ФСБ, Додгоҳи низомии Қафқози Шимолӣ ҳукми худро алайҳи 9 нафар, ки ба тарҳрезӣ ва пиёда кардани як силсила амалҳои террористӣ айбдор мешуданд, рӯзи 6 феврал эълон кард.
Хушунат дар Қафқози Шимолӣ, ки ба он асосан давлатҳои мусалмоннишини Чеченистон, Ингушистон ва Қабардину-Балқар шомил ҳастанд, як амри маъмулӣ шудааст.
Ҷангиёни исломӣ дар ин минтақа пайваста ба пулис, ходимони давлатӣ ва мусалмонҳои муътадил ҳамла мекунанд.
Моҳи июни соли 2015, ҷангиёни исломӣ дар Қафқози Шимолӣ дар як навори интернетӣ ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва раҳбари он Абубакр ал-Бағдодӣ, савганди садоқат ёд карданд.