Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои ҳавоии ИМА ба Толибон дар наздикиҳои марзи Чину Тоҷикистон


Низомиёни амрикоӣ гуфтаанд, ки маъракаи нави зидди Толибон ба ҳадафи аз байн бурдани манбаъҳои молӣ, тамрингоҳҳо ва шабакаҳои кӯмакрасони онҳо, ба шимоли Афғонистон то наздикии марзҳои Чин ва Тоҷикистон, густариш ёфтааст.

Ба навиштаи вебсайти Садои Амрико, низомиёни ИМА рӯзи сешанбеи 6-уми январ эълон карданд "ки давоми 96 соати гузашта нерӯҳои низомии ИМА амалиётҳои ҳавоӣ алайҳи Толибон дар вилояти Бадахшон анҷом доданд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз тарҳи таҳаррукоти террористӣ дар марзҳо бо Чину Тоҷикистон мебошад."

Дар хабари низомиёни амрикоӣ омадааст, ки дар ин ҳамлаҳо мошинҳои Артиши миллии Афғонистон низ, ки аз сӯи Толибон рабуда шуда буданд, аз байн шуданд. Нерӯҳои амниятии афғон бо пуштибонии Амрико ва НАТО давоми фасли зимистон Толибонро зери фишор қарор доданд, то аз таҷаммӯи дубораи онҳо дар фасли баҳор ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳамлаи ин ҳафтаи нерӯҳои амрикоӣ алайҳи мавзеъҳои ҷангиён дар вилояти Бадахшон дар ҳолест, ки Толибон ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро нашр карданд, ки ҷараёни тамрини ҷангиён дар яке аз минтақаҳо барфпӯшро нишон медод. Ҷангиён аз ин минтақа ном набурданд, аммо шимоли Афғонистон, аз ҷумла вилояти Бадахшон ҳоло дар ин мавсим тақрибан барфпӯш аст. Ба гуфтаи низомиён, дар ин ҳамлаҳо ҳавопаймоҳои B-52 даҳҳо бор мавзеъҳо Толибонро ҳадаф қарор додаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи ахири ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико ба пойгоҳҳои Толибон дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Чин гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир марзи кишвар бо Афғонистон зери назорат аст ва вазъ ором мебошад. Як манбаъ дар Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки марзбонони тоҷик "тавононӣ ва қудрати ҳифзи сарҳад"-ро доранд.

Ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Амрико ба пойгоҳҳои Толибон дар Бадахшон дар ҳолест, ки нимаи дувуми моҳи гузашта мақомоти интизомӣ дар шимоли Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи амалиёти ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар вилояти Бадахшон 15 ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи Толибон кушта шудаанд

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.

XS
SM
MD
LG