Пайвандҳои дастрасӣ

Бар хилофи машварати табибон Эрон Намозиро ба зиндон баргардонд


Боқир Намозӣ бо писараш Сиёмак Намозӣ

Боқир Намозӣ, як марди эронитабори амрикоӣ, баъди озодии кӯтоҳмуддат, дар заминаи мушкили сиҳатӣ, дубора ба зиндон фиристода шуд.

Ҷаред Генсер, вакили Намозӣ дар як изҳорот гуфт, бозгашти зерҳимояи 81-солаи ӯ ба зиндони Эвини Теҳрон, сарфи назар аз машварати табибони давлатӣ, баробар ба "ҳукми қатл" аст.

Боқир Намозии зиндонӣ барои насби кардистимулятор ҷарроҳӣ шуд ва вакилаш мехост, зерҳимояи ӯ, ба далели вазъи бади сиҳатияш, дар озодӣ бимонад.

Департаменти Давлатии Амрико бозгашти Намозӣ ба зиндонро бисёр нороҳаткунанда унвон кард. "Мо ба озодии бидуни шарти Намозӣ аз боздошти ғайриқонунии ӯ дар Эрон даъват мекунем. Мо талаб мекунем, тамоми амрикоиҳои ноодилона боздоштшуда дар Эрон ба Иёлоти Муттаҳида баргардонда шаванд", - гуфт Ҳизер Нойерт, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА.

Боқир Намозӣ аз гурӯҳи эрониҳои дорои душаҳрвандӣ аст, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо ҳукумати Амрико ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Намозӣ иттиҳомро рад кард.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Эрон Намозӣ ва зиндониёни дигарро ба хотири муомилот дар гуфтушунидҳои оянда бо Ғарб нигаҳ медорад.

Видеоҳои охирин

Наздикони Муқаддас :"Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:05 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG