Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Пентагон намоиши шукӯҳи низомии ИМА-ро дархост кард


Президент Трамп бо вазири дифоъ Ҷим Мэттис қабл аз мулоқот дар Пентагон

Президенти Амрико Доналд Трамп аз Пентагон барномаи омодагӣ ба гашти низомӣ ва ҷашнгирии тавонмандии ҳарбии ИМА-ро дархост кард.

Дар бораи ин барнома нахуст нашрияи The Washington Post рӯзи 6-уми феврал гузориш дод ва ин хабарро баъдан сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс тасдиқ кард.

Трамп дархости худро рӯзи 18-уми январ дар мулоқот бо мақомоти аршади низомии Амрико дар ҳоле матраҳ кард, ки соли 2017 гашти низомии бахшида ба "Рӯзи Бастилия дар Порис" ӯро таҳти таъсир қарор дода буд. Ба навиштаи The Washington Post, президент мехоҳад паради ҳарбии бошукӯҳ соли 2018 баргузор шавад, аммо рӯзаш ҳанӯз маълум нест.

Сухангӯи Кохи Сафед баргузории гашти низомиро қадрдонии сарбозоне номид, ки ба хотири амнияту осоиштагии Амрико ҷони худро ҳар рӯз дар хатар мегузоранд. Сухангӯи Пентагон Чарли Саммерс ҳам гуфт, аз дархости президент огоҳ ҳастанд ва "гузинаҳоро баррасӣ мекунанд".

Демократҳои Амрико ин барномаро ба парадҳои низомии кишварҳои худкомае чун Кореяи Шимолӣ ва Чин монанд карданд.

Видеоҳои охирин

"Барқи Тоҷик" болоравии нархи нерӯи барқро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:27 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG