Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як заминларза Тоҷикистонро такон дод


Як заминларзаи 4-баллӣ Тоҷикистонро таккон дод. Маркази зилзилагингори Тоҷикистон гуфт, ин заминларза соати дуи шаби 7-уми феврал дар 330-километрии ҷануби шарқи Душанбе рух додааст.

Марказҳои зилзиланигории ҷаҳон низ мегӯянд, маркази заминларза дар 120-километрии шаҳри Хоруғ буда, шиддати он дар марказ ба 5 дараҷаи Рихтер баробар буд. Умқи ин заминлрза беш аз 100 километр гуфта мешавад.

Аз ин пеш, рӯзи 31-уми январ, заминларзаи қавие Афғонистон ва қисмате аз манотиқи Тоҷикистонро такон дод. Маркази зилзиласанҷии Амрико гуфт, заминларзаи 6.1 дараҷаӣ рӯзи 31-уми январ дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, ба вуқӯъ пайваста аз шаҳри Кобул то ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва ҳамчунин Деҳлӣ ва Исломободро такон додааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.​

XS
SM
MD
LG