Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия "Фонтанка"-ро барои нашри маоши пилоти кушташуда маҳкум кард


Сарнишинони ҳавопаймои низомии Русия
Сарнишинони ҳавопаймои низомии Русия

Вазорати дифои Русия сомонаи хабарии "Фонтанка"-ро барои нашри маълумот дар бораи маоши сарнишини ҳавопаймои низомӣ, ки дар фазои Сурия зада шуд, интиқод кард. Ҳавоймои ин сарнишин дар фазои шимолу ғарби Сурия, пойгоҳи шӯраишгарон, ҳадафи оташ қарор гирифт.

Сомонаи "Фонтанка"- чопи Санкт Петербург, рӯзи 5 феврал навишт, ки ҳар нафари дорои маълумоти бунёдӣ, матавонад ба парвандаи шахсии афсарон дар бунгоҳи иттилоотии вазорат онлайн дастрасӣ пайдо кунад.

"Пилоти дорои рутбаи майор баъди пардохти молиёт каме бештар аз 100 ҳазор рубл ($ 1,700) маош мегирад",- навиштааст "Фонтанка"

Ба гуфтаи ин сомона, ҳаҷми маоши майор Роман Филипов, ки ҳавопаймоии ҷангии ӯ рӯзи 3 феврал дар фазои Сурия сарнагун карда шуд, ба ҳамин андоза буд.

Вазорати дифоъ "Фонтанка"-ро барои надоштани "оддитарин наҷобат ва этикаи журналистӣ" танқид кард.

Русия Филиповро барои ҷасораташ, ки худро аз ҳавопаймои тирхурдаи СУ- 25 бо чатри наҷот берун кашид ва ба хотири ҷилавгирӣ аз асораташ худро бо норинҷак тарконд, ҳамчун қаҳрамон ситоиш кард.

"Фонтанка" гуфт, ки бинба бунгоҳи иттилоотии вазорат пилотҳои рус ҳамчунин 140,000 рубл, муодили $2,450 мукофтпулӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG