Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин $488 млн қарзи Қирғизистонро бахшид


Парчамҳои Русия ва Қирғизистон
Парчамҳои Русия ва Қирғизистон

Президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи бахшидани ҳудуди ним миллиард қарзи Қирғизистонро имзо кард.

Русия соли 2012 розӣ шуд, ки тамоми қарзҳои Қирғизистон дар хат занад. Тибқи созишнома, Москва соли 2014 ҳудуди 200 миллион доллари ин қарзро бахшид. Маблағӣ боқӣ дар давоми 10 сол -- аз соли 2016 то 2025, яъне ҳар сол 30 миллион долларӣ бояд бахшида мешуд. Бар пояи омори 30 апрели соли 2017, Қирғизистон аз Русия 240 миллион доллар қарздор буд.

20 июни соли 2017 дар ҷараёни сафари президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Русия протокол оиди Созишнома дар бораи танзими қарзҳои Қирғизистон дар назди Русия аз соли 2012 имзо шуда буд.

Ба маълумоти Вазорати молияи Қирғизистон, баъди якбора бахшида шудани 240 миллион доллари қарз аз тарафи Русия, таносуби қарзи давлатии ин кишвар ба Маҷмуи тавлидоти дохилияш то 3,8% кам хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG