Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Беларус ба "Марги Сталин" иҷозат доданд


Тасвире аз филми "Марги Сталин"
Тасвире аз филми "Марги Сталин"

Вазорати фарҳанги Беларус рӯзи душанбе ба пахши филми "Марги Сталин" дар қаламрави кишвар иҷозат дод. Ин филм рӯзи 8 феврал дар Минск ба намоиш медарояд.

Қарор буд, ки пахши "Марги Сталин" 25 январ оғоз шавад. Аммо як рӯз пеш аз он намоиш лағв шуд. Он замон дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, ки пахши филм танҳо баъди натиҷагирии комиссияи иборат аз коршиносон имконпазир мешавад.

Рӯзи 23 январ маълум шуд, ки Вазорати фарҳанги Русия "Марги Сталин"-ро мутавақиф кард. Вазорат қарори худро ба муроҷиати гурӯҳи "ҳуқуқдонҳо" вобаста намуд, ки дар филм аломатҳои экстремизмро кашф карданд ва гуфтанд, ки он хотираи ҳалокшудаҳоро таҳқир мекунад.

Филми мазҳакавии коргардони Британия Армандо Ианнуччӣ -"Марги Сталин", ба муборизаи қудрат баъди марги котиби генералӣ, дар соли 1953 бахшида шудааст.

XS
SM
MD
LG