Пайвандҳои дастрасӣ

"Террористи Порис" дар додгоҳ хомӯши ихтиёр кард


Тасвире аз додгоҳи ҳамлагари Фаронса дар Белгия. 5 ферал, 2018

Гумонбари аслии амалиёти террористии соли 2015 дар Порис, рӯзи душанбе дар додгоҳи Белгия зоҳир шуд, аммо посух гуфтан ба суолҳоро рад кард. Салоҳ Абдусалом аз замони боздошташ бори аввал аст, ки дар мазҳари ом пайдо мешавад. Баъди силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар толори консертии "Батаклан", дар назди варзишгоҳи миллӣ, бар ва тарабхона, пулиси Белгия ва Фаронса Салоҳ Абдусаломро чаҳор моҳ ҷустуҷӯ кард.

Ӯ ба суоли додрас, ки оё ба бозпурсӣ омодааст, гуфт, ки ба ягон суол ҷавоб намегӯяд.

Масъулияти ҳамлаҳои террористии 13 ноябри соли 2015 дар Порисро гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт. Моҳи марти соли 2016 ҳамин гурӯҳ масъулияти амали террористии Брюсселро бар дӯш гирифт, ки 32 нафарро қурбон карда буд.

Салоҳ Абдусаломи 28-сола то ҳол дар боздоштгоҳи пулис дар канораҳои Порис нигаҳдорӣ мешуд. Нозирони маҳбас ҳар як ҳаракти ӯро таҳти назорати доимӣ қарор доданд, то даст ба худкушӣ назанад. Барои интиқол ба Кохи адолати Брюссел ва иштирок дар мурофиаҳои додгоҳӣ, Салоҳ Абдусаломро дар маҳбаси низомаш бисёр шадиди воқеъ дар марзҳои шимолии Фаронса ҷой карданд.

Видеоҳои охирин

Бонки аврупоӣ мухолифи баста шудани "Агроинвестбонк" будааст
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG