Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ ба шахсе, ки қасд дошт вориди ниҳоди раёсати ҷумҳури Эрон шавад


Хабаргузориҳои эронӣ рӯзи душанбеи 5-уми феврал аз талоши фарде барои вуруд ба ниҳоди раёсати ҷумҳури он кишвар хабар доданд. Ба гуфтаи муовини амниятии вилояти Теҳрон, ин фард талош карда буд аз дарвозаҳои қасри раёсати ҷумҳури бигзарад, аммо бо ҳушдори нерӯҳои амниятӣ рӯбарӯ шудааст. Муҳсин Ҳамадонӣ, муовини бахши амнияти раиси вилояти Теҳрон дар ин бора гуфтааст, бо тирандозии кормандони интизомӣ, ин фард аз идомаи масир боз монд ва захмӣ шуд. Бинобар гузоришҳо, ин фард дар ҳоли убур аз дарвозаи дувум будааст. Ҳанӯз ҳуввияти шахси захмишуда ва сабаби даст ба ин кор задани ӯ маълум нест.

XS
SM
MD
LG